Соли 2024 нақшаи даромади буҷет дар шаҳри Турсунзода бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз иҷро гардида, ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ ба 6 миллиарду 796,9 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 63,2 ва кишоварзӣ 21,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора раиси шаҳр Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тибқи гуфтаи ӯ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 830 миллион сомонӣ баробар шуда, кишоварзон бошанд, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта, ба маблағи 2 миллиарду 469, 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли пешин 430,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Парвиз Акрамзода дастоварди кишоварзонро назаррас арзёбӣ карда афзуд, ки дар ин давра истеҳсоли ғалладонагӣ ба 78546 тонна, картошка — 12518, сабзавот -156768, мева — 5962, ангур — 46826, гӯшт – 6954 ва шир ба 26616 тонна расонида шуд.
Майдони умумии гармхонаҳои доимӣ 39,34 гектарро ташкил медиҳад, ки кишоварзон дар онҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, боимҷон, гулкарам ва дигар зироатҳоро кишт менамоянд.
Барои беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот 78 сардхона ва 4 анборхона мавҷуд аст, ки миқдори ғунҷоиши маҳсулот дар онҳо 25299 тоннаро ташкил медиҳад. Дар сардхонаҳо 1035 тонна сабзӣ, 164 тонна ангур ва 120 тонна мева захира карда шудааст, ки ҳамарӯза ба бозорҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атроф ба фурӯш бароварда мешавад.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»