Аз нишастҳои матбуотӣ

Саҳмгузорӣ дар таҳияи 137 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

№25 (4765) 23.02.2024

Fajziddin-Kahhorzoda-3Дар нишасти матбуотии Вазорати молия корманди рӯзнома оид ба саҳми вазорати мазкур дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олӣ ва субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пурсон шуд.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ба суоли мазкур муфассал посух дода, аз ҷумла гуфт, ки соли 2023 вазорат дар таҳияи 137 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гузошт. Дар ин давра ҷиҳати иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз ҷониби вазорат 17 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор кодексҳо, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки 15-тои он қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Тавре вазир гуфт, қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромади воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳо 41,3 миллиард сомонӣ равона гардид. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 2,2, мао­риф ва илм — 7,1, тандурустӣ — 3,3, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 4,6, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 2,2, фарҳанг ва варзиш — 1,5, комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 7,3, кишоварзӣ — 1,6, нақлиёт ва коммуникатсия 4,0 миллиард сомонӣ, сохтмон ва саноат 295,9 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Соли 2023 хусусияти иҷтимоии буҷет ҳифз шуда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бо назардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18,7 миллиард сомонӣ равона гардид, ки он 45,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил менамояд.

Соли сипаришуда дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо 26 созишнома барои татбиқи 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расида, маблағи умумии онҳо 571,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 374,1 миллион доллари он (65,0 фоиз) грант мебошад.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, қарзи давлатӣ 3,6 миллиард доллари амрикоӣ буда, ба 26,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Барои хизматрасонии қарзи берунаи кишвар 274,3 миллион доллари амрикоӣ сарф шуда, дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои алоҳида уҳдадории молиявӣ вуҷуд надорад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»