9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз намуд, ки соли 2023-юм 8212 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба 7019 нафар ба маблағи 171 миллиону 131 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5 миллиону 826 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба гуфти ӯ, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025» амалисозии 230 лоиҳа ба маблағи 221,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
- Саҳми соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагии ноҳия назаррас буда, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи онҳо ба маблағи 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ корҳои ободонӣ иҷро гардидааст. Аз ҷумла, барои корҳои сохтмонию навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, муассисаҳои томактабӣ, чароғонкунии шоҳроҳи шаҳракҳои Сомониён ва М. Турсунзода, таҷдиди варзишгоҳи марказии ноҳия, навсозии толор ва роҳрави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, мумфаршкунии роҳҳо, кабудизоркунӣ ва насби таҷҳизоти обдиҳӣ дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат, саҳмгузорӣ дар ярмарка — фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар корҳои неку созанда саҳм гузошта истодаанд.
Илова бар ин, бевосита аз ҷониби аҳолии ноҳия дар ин давра 3 муассисаи таълимӣ, 4 маркази саломатӣ, 65 синфхонаҳои иловагӣ, 2 пули мошингузар, 3,9 км роҳ мумфарш, 4 толору майдончаи варзишӣ, 1 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд, — гуфт Абдуғаффор Ҳикматуллозода.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»