- Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригашта ба маблағи 242 миллиону 279,9 ҳазор сомонӣ таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2,14 маротиба зиёд мебошад, — гуфт вазири нақлиёт Азим Иброҳим якуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ гирифтем, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ ба 81,33 км роҳ, 3 пул ва 3 облӯла ба маблағи 2 миллиону 370,5 ҳазор сомонӣ зарар расонда, 56,1 км роҳ ва пул ба маблағи 332,2 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо барқарор шуд.
Зикр гардид, ки дар соли гузашта таъмири роҳҳо 126,7 фоиз, пулҳо — 91,7, қубурҳо — 85, таъмири ҷорӣ — 116, кабудизоркунӣ — 102, 3, нигоҳдории нақбҳо ва равшаннамоӣ 110,1 фоизро ташкил дод.
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вазорат барои мавсими сармо 47 ҳазору 994,5 м3 маводизиддилағжиш, 191 ҳазору 140 литр сӯзишвории дизелӣ, 229, 2 тонна ангишт ва 446,2 м3 ҳезум захира намуданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»