- Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ, сарфи назар шудани технологияи коркарди кон ва норасоии мутахассисони соҳавӣ мебошад, — гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Раҳим Санъат зимни нишасти матбуотие, ки 2 феврали соли 2021 баргузор гардид.
Зикр гардид, ки хадамот фаъолиятро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ», инчунин санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мондааст.
Дар давраи мавриди назар 2209 корхона ва 9656 иншоот ба қайд гирифта, дар онҳо 224 назорати нақшавӣ гузаронида шуд. Дар ин раванд 1249 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор шуда, 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Тибқи тартиби муқарраргардида, ба 191 корхонаву ташкилот иҷозатномаи фаъолият, 96 шаҳодатнома барои хариди маводи тарканда, 43 шаҳодатнома барои истифодаи анборҳои маводи тарканда ва 157 адад иҷозат барои корҳои таркишӣ дода шуд.
Аз ҷониби кормандони Хадамот дар НБО «Роғун» тафтиши 15 ҳодисаи нохуш гузаронида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи ин ҳодисаҳо се корманд ба ҳалокат расида, 15 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Абдухолиқ Мирзозода,
«Садои мардум»