Аз нишастҳои матбуотӣ

Сабаби камчинии пул дар банкоматҳои «Амонатбонк» маълум шуд

№21 (4761) 14.02.2024

13- Чаро дар баъзе маврид маблағ дар банкоматҳои «Амонатбонк» камчин аст? Ин савол дар нишасти матбуотии бонки зикршуда аз ҷониби якчанд журналист матраҳ гардид.

Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода масъалаи мазкурро муфассал шарҳу тавзеҳ дод. Маълум гардид, ки соли гузашта барои тавассути банкоматҳо ба аҳолӣ дастрас шудан 6,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳар моҳ фақат барои шаҳри Душанбе бо ин мақсад 126 миллион сомонӣ сарф мешавад.

 Ҳар банкомат 4 кассета дошта, дар онҳо аз 360000 то 720000 сомониро ҷойгир намудан имконпазир аст. Камчин гардидани маблағ дар банкоматҳо асосан ба аввали моҳ — замони пардохт шудани маошу нафақа хос буда, болотар бурдани фарҳанги молиявии аҳолиро тақозо дорад. Илова бар ин, ҳастанд ҳолатҳое, ки бинобар зарурати аз нав бо маблағ таъмин кардан дар давоми 2 то 3 соат банкоматҳо бепул мемонанд.

- Дар маҷмӯъ, мушкилоти мазкур ҷузъӣ буда, «Амонатбонк» барои мунтазам бо маб­лағ таъмин кардани банкоматҳо пурра тавонманд аст,- таъкид кард Алиҷон Салимзода.

 Соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ «Амонатбонк» ба 53 ҳазор муштарӣ ба маблағи 1 миллиарду 836,2 млн. сомонӣ қарз додааст, ки ин нишондиҳанда мусбат буда, дар қиёс ба соли қаблӣ 354 млн.сомонӣ (24 фоиз) афзудааст.

Зимни раддабандии қарзҳои мазкур маълум гардид, ки ба соҳаи саноат 20,9 фоиз, кишоварзӣ — 19,2 , истеъмолӣ — 30, сохтмон — 12,2, тиҷорат — 12,5, нақлиёт — 0,3 ва хизматрасонӣ 4,6 фоиз рост меояд.

Вобаста ба масъалаи фоизи пешниҳоди қарз зикр шуд, ки он аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян шудааст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»