Аз нишастҳои матбуотӣ

«Сафина» — таблиғгари фарҳанги миллӣ

№94 (4834) 29.07.2024

САФИНАМуассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» нимсолаи якуми соли 2024 дар баробари таблиғи фарҳанги куҳанбунёди халқи тоҷик ва инъикоси ҳаёти мадании кишвар, ҳамчунин, вобаста ба тарбияи ватандӯстию ватанпарастӣ,  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарзи ҳаёти солим, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, рушди саноат, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, мақоми зан дар ҷомеа, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳои болаёқат дар соҳаи кишоварзию боғдорӣ дар жанрҳои гуногун барнома таҳия ва пахш намудааст. 

Дар ин бора муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карим Азизов 22-юми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ  дод.

Мавзуи дигаре, ки дар давраи сипаришуда мавриди таваҷҷуҳи кормандони муассиса қарор дошт, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи гузариш ба низоми ғайринақдии пардохт буд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса 30 филми бадеиро бо давомнокии 3044 дақиқа ё зиёда аз 50 соат дар мавзуъҳои гуногун   тарҷумаву дубляж ва пешниҳоди бинандагон намуд. Аз ҳамин идора, ҳамчунин, 15 нашри барномаҳои «Қисмат», «Фазл» ва «Ёддошт» таҳия ва пешкаш гардидааст.

М. СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»