Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов Сайъло Мирзоев дар нишасти матбуотӣ, ки 27 январи соли 2017 баргузор шуд, қайд кард, ки фаъолияти филиали мазкур мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Россия аз рӯи 7 равия ба роҳ монда шудааст.
Омили қобили таваҷҷуҳ таъсиси равияи нав – «Реклама ва робита бо ҷомеа дар соҳаи туризм» маҳсуб мешавад. Дар ҷараёни таълим 176 устоди дараҷаҳои илмидошта саҳмгузор буда, теъдоди донишҷӯён 564 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи зикршуда 388 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд.
Соли 2016 аз таълимгоҳ 44 нафар донишҷӯ бо сабабҳои гуногун хориҷ шуданд, ки аксарият дар соли аввал таҳсил мекарданд.
Ҷалби хатмкунандагон ба корҳои илмӣ мадди назар буда, аз 135 нафаре, ки соли гузашта донишгоҳро хатм карданд, 25 нафар дар магистратураи мактабҳои олии кишвар ва 26 нафар дар магистратураи донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсилро идома дода истодаанд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»