Дар нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт», ки сеюми феврали соли равон баргузор шуд, миёни журналистон ва роҳбарияти агентӣ муколамаи озоду ошкоро ва самимӣ сурат гирифт. Посухҳои қаноатбахш гирифтани журналистон ба саволҳояшон аз огоҳии комил, фаъолияти пурмаҳсул ва омодагии ҷиддии директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода ва муовинонаш шаҳодат медиҳад.
Корманди рӯзнома вобаста ба антифриз, ки сардиҳои аввали соли равон пастсифат будани қисми зиёди чунин маҳсулотро ба маъраз гузошт, савол матраҳ кард. Ҳамзамон, ба сифати далел антифризи пастсифатро, ки бо номи «RAMZ» аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Аслиддини Қурбонхон истеҳсол мешавад, пешниҳод кард. Темурҷон Абдулваҳобзода мавҷудияти камбудии мазкурро эътироф намуда, аз тадбирҳои вобаста ба ин масъала андешидашуда чанд мисол овард. Маълум гардид, ки дар ин давра ба шарофати чораандешиҳои кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» 485 литр антифриз ошкор ва нобуд карда шудааст
Дар нишаст зикр гардид, ки дар соли сипаригардида 2 миллиону 355 ҳазору 256 кило маҳсулоти ғизоии гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шуда, аз он 1 миллиону 708 ҳазору 932 кило аз ҷиҳати бехатарӣ ва 646 ҳазору 324 кило аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Дар робита ба ин, нисбат ба воридкунандагону истеҳсолкунандагон, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, чораандешӣ шуд.
Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 34198 кило маҳсулоти гӯштӣ, 5925 кг равғани растанӣ, 7067 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1250 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 3355 кг маҳсулоти қаннодӣ, 279 кг маҳсулоти ширӣ, 740 кг қанд, наботу асал, 64342 дона тухми мурғ ғайристандартӣ дониста шудаанд.
Дар ин давра маҳсулоти ғайрихӯроквории гуногун, аз ҷумла 8770 кг маводи шустушӯ, 14046 кг тамоку, 443 кг масолеҳи сохтмонӣ, 261 дона фурӯзонаки тафсон, 581 дона фурӯзонаки каммасраф, 8854 номгӯй маводи парфюмерӣ, 11920 кг селитра, 2684 дона бозича бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи мавҷуда аз муомилот гирифта шуда, барои нобудсозӣ ё коркард ирсол гардиданд.
Зикр шуд, ки дар самти назорати бозори истеъмолӣ фаъолият тақвият ёфта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» то эълон гардидани мораторий аз тарафи нозироти савдо дар 1761 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо гузаронида шуд.
Зимни саволу ҷавоб маълум гардид, ки дар давраи мавриди назар 57 нафар барои нақзи ҳуқуқи истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат карданд. Масъулин дар робита ба ҳар як муроҷиат бетаъхир тадбирандешӣ намуда, муроҷиаткунандагон қаноатманд шуданд.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»