Аз нишастҳои матбуотӣ

Сардиҳо ба муҳити зист чӣ таъсир расонд?

№19-20 (4602-4603) 03.02.2023

ХИФ МУХ ЗИСТИн аз ҷумлаи саволҳое буд, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (31-уми январи соли 2023) мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Зимни шарҳи ин масъала раиси кумита Баҳодур Шерализода қайд кард, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони солҳои 2022-2023 талафоти зиёд ба қайд гирифта нашуд. Бо мақсади беҳтар намудани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи ҳайвонот чорабиниҳои мунтазами биотехникӣ гузаронида, дар маконҳои сукунат ва ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ 125 тонна маҳсулот ҷойгир карда шуд. Агентии обуҳавошиносӣ низ сари вақт маълумоти дақиқро ба аҳолӣ расонид. Зикр гардид, ки чунин сардиҳо бори охир соли 2008 ба қайд гирифта шуда, 30 рӯз идома дошт. Имсол бошад, ду ҳафта давом кард ва айни ҳол ҳаво муътадил аст.

Эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ мавриди назари аҳли нишаст буд. Лозим ба ёдоварист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзои СММ дар ин бора қатънома қабул намуд.

- Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои амалӣ андешида шуданд. Моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин ҳамоиши байналмилалӣ дар кумита омодагӣ шурӯъ шуд,- иброз дошт Баҳодур Шерализода.

Зимни нишасти матбуотӣ ба самтҳои дигари фаъолияти кумита, аз ҷумла татбиқи барномаҳои давлатию соҳавӣ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар таъмини ҳадафҳои конвенсияҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, ҷамъоварӣ ва безараргардонии фурӯзонакҳои симобдор, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»