31-уми январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Зимни нишаст раиси ноҳия Муқим Муродзода аз ҷумла, иттилоъ дод, ки дар ҳудуди ноҳия шумораи қутосҳо зиёд гардида, то кунун 1070 сарро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 5 сар зиёд мебошад. «Мо кӯшиш мекунем парвариши қутосро дар ҳудуди ноҳия боз ҳам зиёд намоем», — иброз дошт раиси ноҳия.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»