Фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун оина дар баробари тамошобинону шунавандагон қарор дорад. Барномаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва филмҳои мустанаду бадеӣ ба тафаккуру ҷаҳонбинии мардум таъсир мегузоранд. Ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ, ки 26 июл баргузор гардид, муовини якуми директори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода иброз намуд.
Зикр шуд, ки шабакаҳои телевизиониву радиоӣ бо истифода аз неруи зеҳнии кормандон ва дастгоҳҳои пешрафтаи муосир барномаҳои диданиву шуниданӣ таҳия месозанду рӯз ба рӯз сатҳу сифати онҳо боло меравад.
Дар шабакаҳои телевизион ва радио аксаран мутахассисони варзидаву чашмикордон фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, дар назди кумита Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори омма» таъсис дода шудааст, ки он пайваста кормандони эҷодиро ба курсҳои омӯзишиву такмили маҳорат фаро мегирад.
Муҳаммадшариф Бобошозода иттилоъ дод, ки телевизион ва радиои Тоҷикистон дорои хазинаи нодир мебошанд. Дар бойгонии он аз садо ва навори устод Садриддин Айнӣ то намояндагони барҷастаи адабиёт ва илму фарҳанги муосир нигаҳдорӣ мешавад. Аз ҷумла, дар шаш моҳи охир 464 мусиқии оҳангсозони барҷастаи дунё аз лентаи магнитӣ ба диски ДВД гузаронида шуд, ки ба ин тариқ имкони беҳтаре барои нигаҳдорӣ фароҳам меояд. Инчунин, 60, 41 фоизи тамошобинони шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ барномаҳоро тавассути пахши рақамӣ тамошо мекунанд.
Ворис, «Садои мардум»