Тайи моҳҳои январ-июни соли 2024 сатҳи таваррум дар мамлакат 1,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон таваррум (инфлятсия) асосан аз ҳисоби 1,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, 1,6 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 4 фоиз арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ ташаккул ёфт. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 61,7 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,2 фоизро ташкил дод.
- Суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (11,5 фоиз), кишоварзӣ (9,6 фоиз), хизматрасонии пулакӣ (16,6 фоиз), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (15,7 фоиз), гардиши савдо (11,9 фоиз), боркашонӣ (13,9 фоиз) ва мусофиркашонӣ (9 фоиз) таъмин гардид,- иброз намуд Завқӣ Завқизода.
Дар шаш моҳи аввали соли равон 251 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,6 миллиард сомонӣ расид. Дар ин замина суръати рушд 11,5 фоизро ташкил дод.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи саноат аз ҳисоби афзудани саноати истихроҷ 21,4 фоиз, саноати коркард — 11 ва обу коркарди партовҳо 1,6 фоиз таъмин гардид.
Истеҳсоли неруи барқ дар моҳҳои январ-июни соли равон 10,4 миллиард кВт/соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо сабаби камобӣ ва таҷдиди баъзе иқтидорҳои энергетикӣ 393,4 миллион кВт/соат ё 3,7 фоиз кам аст.
Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллар расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 29,3 фоиз ё 1 миллиард доллар зиёд мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»