Саволҳо зиёд буданду ҷавобҳо мушаххас

№94 (4356) 17.07.2021

DSC_548814 июли соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пурра аз тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт.

Таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ, нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ, фарҳанги пасти ронандагону мусофирон, тамбашавии нақлиёт, пеш аз муҳлат вайроншавии роҳҳо аз ҷумлаи масоиле буданд, ки роҷеъ ба онҳо хабарнигорон савол пешниҳод карданд.

- Мо нисбат ба ҳар як ­масъала тадбир меандешем, аммо ҳалли мушкилот танҳо аз роҳбарону мутахассисони соҳа вобаста нест. Махсусан, дар мавриди интиқоли бори аз меъёр зиёд тавассути мошинҳои гаронвазн ва хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ. Дар робита ба ин, мунтазам санҷишу корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, вале мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст, — иброз намуд вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ назаррас арзёбӣ гардид. Чунончӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ 37011,9 ҳазор тонна бор ва 356689 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст. Боркашонӣ 103,5 фоиз ва мусофирбарӣ 119,9 фоиз иҷро гардид. Инчунин, маълум шуд, ки ҳамлу нақли байналмилалӣ, бинобар бемории сироятии COVID — 19, каме коҳиш ёфтааст. Дар нимсолаи аввали сол аз 18 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ танҳо аз тариқи 9-тоаш ҳамлу нақл ба роҳ монда шуд. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан дар минтақаи Суғд барқарор шуда, сабукӣ пешниҳод гардид.

Ҳоло дар соҳа даҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 618,5 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд. Аз ҷумла, лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Душанбе — Бохтар»(марҳилаҳои 1 ва 2) ва «Кӯлоб — Қаръаихумб», қитъаҳои Кӯлоб — Ш. Шоҳин (А) ва Шкев — Қалъаихумб (Ғ) дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод сохтмони роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод оғоз ёфт.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»