Аз нишастҳои матбуотӣ

Серинтихобтарин ихтисосҳо — тиб, биология ва варзиш

№98 (4838) 12.08.2024

6- Корҳои таблиғотӣ ҳамасола аз моҳи январ то охири моҳи март дар се давр – миқёси ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва дар муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд, — гуфт директори Маркази миллии тестии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода зимни нишас­ти матбуотӣ.

Шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақша дар соли 2024-ум барои қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) тавассути ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷудо гардидааст, 31945 адад­ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 5037-то кам мебошад. Аз ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба коллеҷҳо ҷудогардида 5655 ҷо барои таҳсили ройгон ва 26290 ҷо барои таҳсили пулакӣ мебошад.

Директори марказ иттилоъ дод, ки барои қабули донишҷӯён ба коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли 2024-ум 96164 ҷой ҷудо гардидааст, ки аз он 17410 — ҷо барои таҳсили ройгон ва 78754 ҷо барои таҳсили пулакӣ пешбинӣ шудааст.

 Иттилоъ гирифтем, ки дар давраи асосии бақайдгирии довталабон 78 ҳазору 231 довталаб номнавис шуда, ихтисосҳои тиббӣ, биология ва варзиш серинтихобтарин ихтисосҳои дов­талабон будаанд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»