Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳри Турсунзода. 322 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт

№99 (4361) 31.07.2021

received_342686707565400- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 89,5 миллион сомонӣ ворид гардид. Иҷрои қисми хароҷоти буҷет 92 фоизро ташкил медиҳад. Таҳлил нишон дод, ки 97,5 фоизи маблағи буҷет барои пардохти музди меҳнат, андози иҷтимоӣ ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона гардидаанд, — иттилоъ дод раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, зимни нишасти матбуотӣ, 26 июли соли 2021.

Шаҳри Турсунзода аграрию саноатӣ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 422 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Заҳматкашони шаҳр бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, 382 иншооти таъиноташон гуногун бунёд мегардад, ки тайи солҳои 2018-2020 аз ин шумора 322 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, — афзуд раиси шаҳр.

Парвиз Акрамзода илова кард, ки дар самти кишоварзӣ низ нишондодҳо назаррас буда, дар 21216 гектар, аз ҷумла 13921 гектар ғалладонагӣ, 31900 — сабзавот, 1046 — картошка, 1024 — пахта, 766 — зағир, 1021 — хӯроки чорво ва 228 гектар полезӣ кишт намуданд. Масоҳати гармхонаҳои мавсимию доимӣ 32,1 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин, ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва хориҷи кишвар 54464 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Ёқуби СОДИҚ,

 «Садои мардум»