Дар шаҳри Ваҳдат ҷамъи даромади давлатӣ 242 миллиону 254 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум 22 миллиону 569 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 105 фоиз баробар аст. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 105 фоиз ва даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 116 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир 12 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
- Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ — 6,4, гардиши чаканаи мол — 0,5 ва истеҳсоли моҳӣ 70 фоиз афзоиш ёфт. Қарзи музди меҳнати соҳаҳои буҷетии шаҳр ва пардохти андози иҷтимоӣ вуҷуд надорад, — гуфт ӯ.
Тибқи гузориши раиси шаҳр, соли гузашта кишоварзон дар 17234 гектар кишти асосӣ ва дар 7683 гектар кишти такрории зироатро ба роҳ монда, 47414 тонна ғалла, 86004 тонна сабзавот, 16395 тонна картошка, 15660 тонна мева, 2832 тонна зироати равғандор истеҳсол намуданд. Чорводорон саршумори чорвои калонро ба 80023 сар, моли майдаро ба — 157250, парандаро ба 845254 сар ва занбӯри асалро ба 15625 оила расонида, 12646 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 33751 тонна шир, 102 миллиону 451 ҳазор дона тухм, 255 тонна асал, 95 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карданд. Вале бо сабаби гармии ҳаво аз 200 гектар картошкаи дар давраи кишти такрорӣ киштшуда аз 134 гектари он ҳосил гирифта нашуд.
Дар минтақаи истироҳатию сайёҳии Ромит истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳои миллӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва маҷмааҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, 35 километр роҳи самти истироҳатгоҳи «Арху» барои мумфарш омода ва таъмини хати барқ ба анҷом расонида мешавад.
Муҳаммад Зокир,
«Садои мардум»