Дар нишасти матбуотие, ки 16 феврали соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат доир гардид, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021 ҳисобот дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Ваҳдат 153 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 3817 омӯзгор 88570 толибилмро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Гарчанде муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистонгузаронӣ омодагии хуб нагирифтаанд, вале омӯзгорон дар солҳои 2017 — 2021 аз пардохти маблағҳои роҳкиро барои бозомӯзии курси такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бенасибанд, вале масъулини мақомоти дахлдорро парво нест.
Бино ба гуфти ӯ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2021 нисбат ба соли пешин 20,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ — 5, гардиши чаканаи мол — 23, хизматрасонии пулакӣ — 10,7, корҳои пудратӣ — 14, боркашонӣ — 27,9, мусофиркашонӣ 1,8 ва истеҳсоли моҳӣ — 29,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Таъмини иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳо яке аз самтҳои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб ёфта, дар натиҷаи риояи талаботи он соли 2021 ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ 232 миллиону 517 ҳазор сомонӣ ва ҷумҳуриявӣ 86 миллиону 643 ҳазор сомониро ташкил дода, мутаносибан баробари 116 ва 118 фоизи нақшаи солонаро ташкил намуд. Айни замон, 12979 сокини шаҳр дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки нисбат ба соли 2020-ум 2123 нафар зиёд мебошад ва соли 2021 онҳо 904 миллион сомонӣ интиқол додаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 225 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузории замин соли 2021 дар шаҳраку деҳот санҷишҳои назоратӣ доир карда шуд, ки дар натиҷа 125 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор ва нисбат ба 120 ҳолат барои рӯёнидани 45,4 ҳазор сомонӣ ҷарима протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳарчанд бо ҷаҳду талошҳои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр чанд сол қабл зиёда аз 200 гектар замини бекорхобидаи мавзеи Канаск ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда буд, мутаассифона, соли 2021 аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 163 гектари он кишти картошка гузаронида нашуд.
- Соли гузашта шуъбаи САҲШ-и шаҳр 1919 ақди никоҳро ба қайд гирифта, 729 ақди никоҳро бекор кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 193 сабти ақди никоҳ кам ва бекоршавии он 274 адад зиёд гардидааст. Афзоиши бекоршавии ақди никоҳ аз бемасъулиятии комиссияҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр рух додааст, — гуфт Мирзо Исмоилзода
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»