- Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир, бақияи қарзи андозҳо, ки то 1 январи соли 2018-ум 6 миллиону 337 ҳазор сомониро ташкил медод, ба маблағи 3 миллиону 279 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Иҷрои нақшаи андозу даромадҳо, ки соли гузашта 102 фоиз иҷро гардид, ба камшавии бақияи қарзи андозҳо мусоидат намуд, — изҳор дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ афзуд, ки соли гузашта корхонаҳои саноатӣ ба андозаи 150 дарсади соли 2017 маҳсулот, аз қабили хишти пухта, хишти сементӣ, сангреза, қуми майда, консерва, шаробу шампон, маҳсулоти ширӣ ва пахта истеҳсол намуданд.
- Дар соҳаи растанипарварӣ 78 фоизи маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки назар ба соли пешин зиёд мебошад. Ҷамъоварии пахта, сабзавот, картошка, полезиҳою ангур низ беҳтар шуд. Хоҷагиҳо дар 4,5 гектар сардхона ба парвариши сабзавоти тоза ва меваҳои ситрусӣ машғул буда, 12,5 гектар боғ аз нав барқарор гардид, — гуфт Нусратулло Аюбзода.
Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири асосии 291 иншоот дар назар аст. То ҳол дар 48-тои он таъмиру сохтмон бо харҷи 7 миллиону 540 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 215 ҷойи кори доимӣ ба анҷом расид. Муассисаи таълимӣ, 14 синфхонаи иловагӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, боғчаи кӯдакон, маркази инкишофи кӯдакон, маҷмааю марказҳои савдо, майдончаи варзишии замонавӣ, сехи дӯзандагӣ ва гармхонаю сардхона аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, 506 симчӯби фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонӣ иваз карда шуд.
Мавзеъҳои Пуштимиёна, Патрӯ, Ҳакимӣ, Обиборик, Тахти Сулаймон, кӯлҳои Темурдара, Париён, Ҷувозак, зиёратгоҳҳои Ҳоҷиҳасан ва чашмаи моҳиёни Хуҷӣ барои ҷалби сайёҳон хеле муносиб ва мувофиқ гардонда шудааст.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»