Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳринав дар пайраҳаи рушд

№22 (4762) 16.02.2024

10Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ноҳияи Шаҳринав ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Абдуқодир Вализода иброз намуд.

Ба гуфти ӯ, дар ин давра аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи генералии шаҳраки Шаҳринав корҳои зиёд ба анҷом расонда шудаанд.

Тибқи барнома, аз 10 корхонаи саноатии банақшагирифташуда 6 адади он, аз ҷумла корхонаҳои ҶДММ «Аҳмад-Абубакр» (истеҳсоли шарбати мева, консерва), ҶДММ «30-солагии Истиқлолият» (истеҳсоли панҷараҳои оҳанин ва сарпӯши қубурҳо), ҶСП «Воҳид-С» (истеҳсоли қуму шағал), ҶДММ «Зеби диёр» (истеҳсоли хишти сементӣ), корхонаи истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ дар деҳоти «Шаҳринав» ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳоти «Чуст», сохта ба истифода дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмӯъ, 22,5 км роҳҳо ба маблағи умумии 36 млн. 152 ҳазору 238 сомонӣ мумфарш карда шуд.

- Ин дигаргуниҳо танҳо оғози раванди навсозии ноҳияи Шаҳринав ба ҳисоб рафта, минбаъд нақшаю барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати ба яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар табдил додани ин гӯшаи диёр равона хоҳанд шуд, — гуфт дар хотима Абдуқодир Вализода.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»