Шаҳринав. Дар соли 2021-ум 447 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

№21 (4441) 15.02.2022

???????????????????????????????Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 3 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаҳои фаъолияти ташкилоту корхонаҳои ноҳия дар соли 2021 шинос намуда, аз ҷумла зикр кард, ки соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ таъмин шуд.

Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат то 1 январи соли 2022 вуҷуд надорад. Соли гузашта бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба 6485 нафар 55280 ҳазор сомонӣ қарз доданд. Субъектҳои соҳибкорӣ назар ба соли пеш 83 адад зиёд шуда, шумораашон ба 2901 расид.

- Фаъолияти кишоварзон соли гузашта назаррас буд. Онҳо ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба 25583 ҳазор сомонӣ расониданд, ки баробар ба 106,5 фоизи нақша аст, — изҳор дошт раиси ноҳия, — Хусусан, ҳосилнокии баланди киштзори ғалла ва майдони боғоту токзор ба зиёд гардидани даромаднокӣ боис гардид.

Корхонаҳои саноатӣ низ хуб фаъолият карданд. Онҳо ба маблағи 37370 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба як соли пеш 7976 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Масъалаҳои вобаста ба маориф, тандурустӣ ва ҳифзи саломатӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ноҳияи Шаҳринав ба ҳалли онҳо диққати махсус медиҳанд.

Ноҳия барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои хуб дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди сайёҳӣ сомонаи махсус таҳти унвони «Тревел Шаҳринав» ва дар сомонаи «Фейсбук» саҳифаи махсус бо номи «Сайёҳи Шаҳринав» ифтитоҳ намудааст, ки барои рушди сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи он саҳми калон дорад.

Ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 447 иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 318 адади он аз ҷониби соҳибкорон ва 119 иншоот бо ҷалби аҳолӣ бунёд шуда, аксари онҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва роҳсозӣ рост меоянд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»