Аз гузориши раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин дар нишасти матбуотӣ (20 июл) маълум гардид, ки дар шаш моҳи соли 2017 қисми даромади буҷети ноҳия ба ҷойи 11 миллиону 823,7 ҳазор сомонии нақшавӣ 10 миллиону 141 ҳазор сомонӣ ё 89 фоиз, қисми хароҷот ба ҷои 20 миллиону 653,8 ҳазор сомонӣ 17 миллиону 233,2 ҳазор сомонӣ ё 83,4 фоизро ташкил додааст, ки мутаносибан аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 682,7 ҳазор сомонӣ ё 11 фоиз, 3 миллиону 420,6 ҳазор сомонӣ ё 16,6 фоиз кам мебошад.
Ба буҷети ноҳия аз ҳисоби андозу дигар пардохтҳо ба ҷойи 15 миллиону 221 ҳазор сомонӣ 12 миллиону 763 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 86 фоизи нақша баробар аст.
Нақшаи воридоти маблағҳои субвенсионӣ 95 фоиз иҷро шуда, ба буҷети маҳаллӣ 7 миллиону 876 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 414 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани буҷети ноҳия аз фаъолият бозмондани ҶДММ Коркарди нафти «Капитал», ҶДММ «Орди Шаҳринав», ҶДММ «Ламит», ҶДММ «Гидроэнергосервис», ҶДММ «Уют» ва фаъолияти нопурраи ҶДММ Корхонаи консервабарории «Шараф» маънидод гардид.
Кишоварзони ноҳия нимсолаи аввали соли 2017-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 46 миллиону 93 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 776 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 104 фоизро ташкил медиҳад. То ин замон кишоварзон дар 500 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд. Бо дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони деҳоти «Боғистон», «Чуст», «Истиқлол», «Сабо» ва ба номи Акрам Ҳасанов 29,5 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.
Раиси ноҳия гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 57 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва аз қонуншиканон ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Нусратулло Аюбзода, ҳамчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, ҳолати ғайрисанитарии ошхонаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ изҳори нигаронӣ кард.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»