01- Кишоварзӣ соҳаи асосии хоҷагии халқ буда, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бинобар ин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 122 миллиону 553 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 848 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 29 июли соли 2021 доир гардид.
Хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ ба кишти картошка ва сабзавот диққати ҷиддӣ дода, ҳосили фаровон ҷамъ оварданд. Имсол назар ба солҳои пеш нақшаи кишти пахта 360 гектар (соли пеш 200 гектар) ва парвариши пилла барзиёд иҷро шуд. Нақшаи кишти такрорӣ низ таъмин гардид.
Дар ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав», ки соҳибкорон ба иҷора гирифтаанд, 18 миллиону 10 ҳазор дона тухм истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 338 ҳазор дона зиёд мебошад.
Масоҳати гармхонаҳо 4,61 гектарро ташкил дода, шаш сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 540 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд гардида, то фарорасии ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони боз шаш гармхона ва панҷ сардхона ба нақша гирифта шудааст.
Рушди саноат низ таъмин гардида, се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Баҳри баланд бардоштани маданияти хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ ҷиҳати гирифтани партовҳо мотороллери серчарха ва трактори МТЗ — 82 бо ядакаш дастрас шуд.
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳия ободонию созандагӣ вусъат ёфта, ба тартиб даровардани роҳу манзилҳои истиқоматӣ, тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонӣ идома дорад.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»