Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳринав. Таъмини дурнамои кишти пахта қаноатбахш набуд

№23 (4919) 19.02.2025

10Соли 2024 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 55,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бошад, 106,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 55,4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,3 миллион зиёд аст. Ин нуктаро муовини аввали раиси ноҳияи Шаҳринав Одил Анварзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар ин давра 743,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 109,8 фоиз баробар мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10,7 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода, истеҳсоли ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо ба 18243 тонна, пахта — 359, 4, картошка — 6316,4, сабзавот — 77528, мева — 12294, гӯшт — 3898 ва шир 13862 тонна расонида шудааст. Танҳо иҷрои дурнамои кишти пахта ғайриқаноатбахш — 76,5 фоиз таъмин гардидааст.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»