Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳрвандони 52 кишвар ба муҳлати 30 рӯз метавонанд ба Тоҷикистон бе раводид ворид шаванд

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

ВКХВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дуюми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо вуҷуди шароити номусоиди минтақа ва ҷаҳон, соли 2021 дар дипломатияи тоҷик рӯйдодҳои муҳиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки барои ҳифзу таъмини сулҳу амният дар минтақа, ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии кишвар аҳамияти калон доштанд. Хусусан, Душанбе мизбони сафарҳои расмии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Покистон, Эрон ва нишастҳои дигари байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай буд.

- Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 150 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Соли сипаригашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 сафар, аз ҷумла сафарҳои корӣ ба Федератсияи Россия, Шоҳигарии Белгия ва Туркманистон, сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Фаронса, инчунин сафари давлатӣ ба Туркманистон анҷом доданд.

Ҳамчунин, роҳбарони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Арманистон, Эрон ва Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд,- изҳор дошт вазир.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ буда, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ самти муҳими сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Дар арсаи дипломатияи бисёрҷониба пешбурди ­ташаббусҳои кишвар, бахусус дар масъалаҳои об ва мубориза бо терроризм, идома ёфт.

Соли 2021 дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 анҷумани иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор гардид. Дар онҳо зиёда аз 3,5 ҳазор соҳибкору сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ширкат варзида, зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расонида шуд, — ёдовар шуд С. Муҳриддин.

Ба қавли ӯ, дар чаҳорчӯбаи фаъолияти консулӣ вазорат дар самти сода кардани низоми раводид бо кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин давра Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2021 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ» содир гардид. Дар асоси он аз 1 январи 2022 шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ имкон доранд ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шаванд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар посух ба саволи рӯзноманигорон доир ба муносибати кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфт, ки мавқеи Тоҷикистон нисбат ба «Толибон» тағйир наёфтааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»