Аз нишастҳои матбуотӣ

Шаҳрвандони аз 100-сола боло — 72 нафар

№28 (4611) 22.02.2023

ОМОР2- Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз садсола боло 72 нафар мебошанд, ки 34 нафарашон мард ва 38 нафарро занҳо ташкил медиҳад, — гуфт директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар посух ба саволи мо зимни нишасти матбуотӣ 14-уми феврали соли равон.

Номбурда афзуд, ки соли сипаригашта «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2022»-ро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2022 тасдиқ шудааст пурра иҷро намуда, 10 ҳазору 742 кори оморӣ ба анҷом расид.

Зикр гардид, ки шумораи қувваи корӣ (аҳолии машғули кор ва бекорони расман ба қайд гирифташуда) дар моҳи декабри соли 2022-юм 2 миллиону 578 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 2 миллиону 524,5 ҳазор нафар (97,9 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт ба кор машғуланд ва 53,5 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,1 фоизи шумораи қувваи кориро ташкил медиҳанд.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироя пардохта шудааст, дар моҳи декабри соли 2022-юм 2141,03 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябри соли 2022-юм 12,9 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи декабри соли 2021-ум 18,2 фоиз зиёд шудааст. Музди ҳадди ақал 600 сомониро ташкил медиҳад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»