Аз нишастҳои матбуотӣ

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун…

№24 (3818) 24.02.2018

Бистуми феврали соли равон бо ибтикори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва лоиҳа «Оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин» нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки шарҳу эзоҳи тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»-ро дар бар гирифт.

Муовини якуми директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Акрам Қаҳҳоров гуфт, ки бо мақсади содакунии раванди бақайдгирии ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул, инчунин ҳуқуқи заминис­тифодабарӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки номбурда зарурати онҳоро муфассал шарҳ дод.

Сардори шуъбаи ҳуқуқи КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Муъмин Қурбоналиев ва мутахассисони лоиҳаи зикршуда Муҳайё Орифова, Далер Асроров, Чинара Арапова ва Шуҳрат Шораҳмонов дар баробари шарҳу эзоҳи тағйиру иловаҳо, ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»