Бо мақсади коҳиш додани партоиши партови зараровари муҳаррикҳои воситаҳои нақлиёт аз ҷониби сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва шуъбаи милитсияи экологии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ моҳи июли соли 2016 амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда, 42 муассисаи нақлиётӣ, 65 терминали ҷойгиронии автомобилҳо ва 29 истгоҳу таваққуфгоҳи нақлиётӣ, 1658 адад нақлиёти шахсию давлатӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки зиёда аз 60 фоизи нақлиёти муҳаррикашон бо бензин коркунанда ба гази моеъ гузаронида шудааст.
Чунин ҳолат барои бамаротиб коҳиш додани газҳои ихроҷшаванда, аз ҷумла оксиди карбон ва карбогидратҳо мусоидат кард, — иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода зимни нишасти матбуотие, ки 17 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Инчунин зикр гардид, ки татбиқи Барномаи давлатии «Барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2016» анҷом ёфт. Татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», «Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» идома дошта, «Стратегияи миллӣ оид ба идоракунии партовҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2030» бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуд.
Соли 2016 дар натиҷаи санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ 10705 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани меъёру стандартҳои экологӣ ва вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳа ба маблағи 1 миллиону 385, 9 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»