Аз нишастҳои матбуотӣ

Шоҳмуроди Рустам: «Аз норасоии ҷойдошта воқифем, аммо…»

№89 (3883) 21.07.2018

IMG_5512Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи соли равон 224625 санад, аз ҷумла 102031 таваллуд, 28501 барқарории таваллуд, 15955 вафот, 33831 никоҳ, 5654 бекор кардани никоҳ, 527 фарзандхонӣ ва 20455 сабти иваз намудани ному насаб ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ин нуктаро 18 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шоҳмурод Рустам зикр кард. Номбурда гуфт, ки дар Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он 19 шартномаи гарави молу мулки манқул ва 84 ташкилоти ҷамъиятиро ба қайди давлатӣ гирифтанд.

Қайд шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» 4 ҷаласаи Комиссияи тахассусии ­назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, 70 аризаи довталабон барои соҳиб гардидан ба мақоми адвокатӣ баррасӣ шуд. Аз ин шумора, 54 нафар мақоми адвокатиро соҳиб ва ба 16 нафар бинобар насупоридани имтиҳони тестӣ додани ин мақом рад гардид.

Зимни суолу ҷавоб хабарнигорон аз ҷой доштани нуқсонҳо дар хизматрасонии кормандони бахшу шуъбаҳо ва раёсатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба аҳолӣ изҳори нигаронӣ карданд. Бахусус, изҳор доштанд, ки барои гирифтани як ҳуҷҷати одӣ — маълумотнома аз ин мақомот соатҳо дар навбат истодан зарур меояд. Ҳатто барои дастрас намудани он гоҳҳо чанд рӯз сарф мешавад, зеро дар ин мақомот қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвали тасдиқшуда сурат мегирад.

Вазири адлия яке аз сабабҳои рух додани чунин норасоиҳоро ба кам будани теъдоди хизматчиёни давлатӣ, яъне воҳидҳои корӣ дар мақомоти мазкур алоқаманд донист.

- Дар бахшу шуъбаҳо 2-3 нафар корманд ба теъдоди зиёди мардум хизмат мерасонанд ва табиист, ки ин ба фаъолияти пурсамари онҳо халал ворид месозад, — гуфт ӯ ва илова кард: — Мо аз норасоии ҷойдош­та дар фаъолияти САҲШ воқифем. Ин масъаларо борҳо дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор додаем. Итминон дорем, ки ба зудӣ роҳи ҳалли онро пайдо мекунем.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»