Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январ корҳои иттилоотию таблиғотӣ ва курсҳои шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро дар се давр оғоз намуд, - зикр гардид дар нишасти матбуотие, ки 13 феврали соли 2020 доир гашт.
Директори марказ Хуршед Икромӣ изҳор намуд, ки дар даврҳои якуму дуюми курсҳои шиносоӣ мутаносибан 1000 ва 4524 нафар ширкат варзида, даври сеюм дар 3560 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ баргузор шуд, ки дар он 193193 нафар, аз ҷумла, 119033 хатмкунандаи синфи 11 ва 74160 хатмкунандаи синфи 9 иштирок намуданд. Барои огоҳии бештар 19399 дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», 12 маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест, 3700 нусха барномаю модули курси шиносоӣ ва 3700 адад DVD — диск бо маводи иттилоотию методӣ нашр гардид.
Бақайдгирии довталабон дар ду марҳала сурат гирифта, шумораи онҳо барои иштирок дар ИМД-2019-ум 94774 нафарро ташкил дод, ки 42887 нафарашон духтаронанд. Имтиҳонҳо дар ду давр баргузор шуда, 65037 нафар ё 84,68 фоиз сазовори номи донишҷӯй гардиданд.
- Соли 2019 дар бораи розӣ набудан аз холҳои гузошташуда 6 довталаб аризаи апеллятсионӣ пешниҳод карданд. Аз онҳо 5 -то қонеъ ва 1 ариза рад карда шуд,- гуфт Х. Икромӣ.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»