Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» Алӣ Комилов зимни нишасти матбуотӣ 11 июли соли 2016 ба хабарнигорон гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон ба 49880 нафар мусофир хизмат расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45328 нафар кам аст.
Алӣ Комилов сабаби кам гардидани хатсайрҳо ва коҳиш ёфтани ҳамлу нақли мусофиронро дар авҷ гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар Федератсияи Россия арзёбӣ намуд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӣ, «Садои мардум»