Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи нафақагирон 2,6 фоиз зиёд шуд

№20 (4282) 13.02.2021

DSC_2401Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода 9 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ натиҷаҳои фаъолияти агентиро дар соли 2020 ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба соли 2019 -ум 71,2 млн. сомонӣ кам гардида, 2891 млн. сомониро ташкил дод.

Талабот барои маблағгузории  нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ 2,09 фоиз афзуда, шумораи умумии нафақагирон то 1 январи соли 2021 дар мамлакат 729385 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум 2,6 фоиз зиёд аст.

- Бо мақсади риояи қатъии низоми таъмини моҳ ба моҳи нафақа, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 707,4 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ интиқол шуд,- изҳор намуд Д.  Давлатзода. -  Оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19», рӯйхатҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ, ятимон ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда барои пардохти кумакпулии якдафъаина пешниҳод гардида, дар асоси он ба 265 749 эҳтиёҷманд ба маблағи 400 сомонӣ, дар маҷмӯъ 107,1 млн. сомонӣ кумакпулии якдафъаина пардохт шуд.

 Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии кормандон ва аъзои оилаи онҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» тағйирот ворид гардида, меъёри истифодаи маблағ ба 1,5 фоиз расонида, доираи истифодаи онҳо нисбатан васеъ гардид.

Д.  Давлатзода, ҳамчунин, зикр кард, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ ва маъюбони то 18-сола, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, инчунин маъюбони гурӯҳи 1-ум, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа муқаррар гардидааст, аз 1 сентябри соли 2021 зиёд мегардад.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»