Шумораи парвозҳо ба давраи пеш аз пандемия баробар гардид

№21 (4441) 15.02.2022

ИкромСоли 2021 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба 1 миллиону 594 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020-ум 906,4 ҳазор нафар ё 1,3 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода 10-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳо ба мусофирону ҳавопаймоҳо даромади корхонаҳои авиатсионии кишвар афзоиш ёфта, ба 2 миллиарду 82,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба як соли пеш 50 дарсад зиёд мебошад.

- Дар сохтори ҳамлу нақли байналмилалии мусофирони нақлиёти ҳавоии кишвар зиёда аз 70 дарсад ба самти Федератсияи Россия рост меояд ва пас аз муваққатан манъ кардани парвозҳои мунтазам талаботи мусофирон нисбатан зиёд гардид. Иттилоъ доданд, ки аз апрели соли 2021 давра ба давра парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор шуд.

- Аз рӯи ҷадвал ва нақшаи парвозҳо шумораи парвозҳои тасдиқшудаи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо дар як ҳафта 120 парвозро ташкил намуд, ки ин шумора ба давраи пеш аз пандемия баробар мебошад, — зикр кард номбурда. Ҷиҳати аз байн бурдани маҳдудиятҳои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ бо рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои Амороти Муттаҳидаи Араб бо маъмурияти авиатсияи граждании ин кишвар вохӯрӣ доир шуд. Дар ин асос, Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба бекор кардани маҳдудиятҳои парвозҳои ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ба рамзи «EУ» дар фазои худ қарори дахлдор қабул намуда, ҷониби Тоҷикистонро хабардор кард.

Вобаста ба фаъолияти КВД «Тоҷик­аэронавигатсия» иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 корхонаи мазкур ба 42,4 ҳазор ҳавопаймо хизмат расонид. Ин рақам нисбат ба соли 2020-ум 23,4 ҳазор ҳавопаймо ё 1,2 маротиба зиёд мебошад. Шумораи хизматрасонӣ ба парвозҳои транзитӣ 10,1 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба як соли пеш 1,2 маротиба фузун мебошад.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»