16 феврал нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2017 баргузор гардид.
- Бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ боздиди намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва рӯзноманигорон аз як қатор давлатҳои Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қувайт, Федератсияи Россия ва Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ташкил ва имкониятҳои бузурги сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда шуд, — изҳор намуд раиси кумита Нӯъмон Абдуғаффорзода.
- Бори нахуст ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Туризм ЭКСПО Ҷопон 2017», саммит ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар Лос-Анҷелеси ИМА, намоишгоҳи «Топ Реса» –и Фаронса, чорабиниҳои гуногун дар шаҳрҳои Алмаатои Қазоқистон, Куала -Лумпури Малайзия ва Тошканди Ӯзбекистон иштирок намуданд. Муҳимтар аз ҳама, «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020» таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Инчунин, зикр шуд, ки ширкатҳои «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Роҳат Тур», «Ором саёҳат», Муассисаи сайру саёҳати Иттифоқҳои касаба ва ширкатҳои сайёҳии дигар хатсайрҳои гуногунро ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор, Сафед-дара, Норак, Искандаркӯл, Варзоб, Ромит, Муъминобод ва Бадахшону Хуҷанд роҳандозӣ кардаанд. Тибқи нақша, дар ҳар як шаҳру ноҳия таъсис додани марказҳои хизматрасонии сайёҳон ва на кам аз ду ширкати сайёҳӣ дар назар аст. Айни ҳол кумита бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сомонаи худро фаъол намудааст.
- Дар соли 2017 ба кишвар 430922 сайёҳ омад, ки нисбат ба соли 2016-ум 24,9 фоиз зиёд мебошад, — гуфт дар фарҷом Н. Абдуғаффорзода.
Н.Низомӣ,
«Садои мардум»