15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода изҳор дошт, ки соли равон дар вилоят шурои машваратии рушди воситаҳои ахбори оммаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода мешавад.
Шурои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин, намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳаллу фасл мешаванд.
Зимни нишаст аз ҳамкориҳои судманди воситаҳои ахбори омма бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки раиси вилоят ҳамеша омода аст бо тамоми намояндагони ҷомеаи журналистӣ ҳамкорӣ намояд ва дар ҳалли масъалаҳое, ки аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод мешавад, мусоидат намояд.
Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма перомуни дастовардҳои истеҳсолию иқтисодӣ, дастгирии занони соҳибкор, сохтмони иншоот дар шаҳри Бохтар, аз кор мондани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, мушкилиҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва иншооти нотамом дар вилоят суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»