Аз нишастҳои матбуотӣ

Сифати барномаҳои телевизионӣ беҳбуд ёфт

№90 (4196) 25.07.2020

Сафина22 июли соли равон вобаста ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаш моҳи соли 2020  нишасти  матбуотӣ  доир гардид.

Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карим Азизов минҷумла қайд кард:  — Дар шаш моҳи соли 2020 оид ба ҳадафи чоруми стратегӣ -  саноатикунонии босуръат 60 гузориш, оид ба дастгирии давлати соҳибкорӣ — 20, саноатикунонии рақамӣ — 7, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» — 21 барнома  ва 50 гузориш пешниҳоди тамошобинон гардид.

Ҳар рӯз дар барномаҳои иттилоотӣ аз омодагии шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод мешавад. Дар ин мавзӯъ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ 123 сюжету гузоришҳои гуногун таҳия ва дар эфир пахш гардид.

Дар иртибот ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикис­тон — Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар давраи сипаригардида силсилаи барномаву намоишҳои телевизионӣ манзури бинандаҳо шуд. Дар барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» бештар аз 60 гузоришу сюжет оид ба озмунҳои зикршуда таҳия ва пахш гардид.

Илова  бар ин, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонии наврасон барномаи «Шоҳкориҳои адабиёт» дар бораи асарҳои адибони машҳури ҷаҳон мунтазам  ба эфир мебарояд.

Иҷрои қонунҳои миллӣ низ мадди назар буда, вобаста ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» силсилаи барномаву гузориш пахш шуд.

Тарғибу ташвиқ ва инъикоси ташаббус ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об, пешгирии гармшавии иқлим дар барномаҳои «Дар ин замона», «Сайёраи сабз» ва «Мавқеъ» меҳвар буд.

- Минбаъд низ неруи зеҳниро барои беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳем сохт, — гуфт дар хотима Карим Азизов.

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»