- Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, кишвар, соли 2020 соли душвор буд. Бемории COVID – 19 ба робитаҳо, аз ҷумла тамосҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва инчунин, ба муносибатҳои байналмилалӣ, таъсири манфӣ расонд. Бо вуҷуди ин, Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломативу муассисаҳои консулӣ дар хориҷа баҳри ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъй карданд. Тамосҳо бо шарикони хориҷӣ асосан дар шакли маҷозӣ ё видеоконфронс, суҳбатҳои телефонӣ ва табодули паёмҳо сурат гирифтанд. Мулоқотҳои маҷозӣ бо шарикони хориҷӣ ва байналмилалӣ ба унсури муқаррарии фаъолияти вазорат мубаддал шуданд, — иброз дошт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврали соли ҷорӣ доир гардид ва дар идома, аз ҷумла гуфт:
- Дар давраи зикршуда бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба сабаби бемории COVID – 19 дар хориҷа дармонда буданд, амалӣ гардид. То поёни сол беш аз 150 ҳазор кас (мутаассифона, 300 ҷасад) аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Ватан баргардонида шуданд.
Бо вуҷуди вазъи душвори беҳдоштию эпидемиологӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ густариш ёфтанд. Соли 2020 сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Москва барои ширкат дар бузургдошти 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Москва, сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва сафари ҳайати Федератсияи Россия ба Душанбе зери роҳбарии муовини Раиси Ҳукумати он кишвар сурат гирифтанд, ки дар муносибатҳои ҳар ду кишвар рӯйдоди муҳими сиёсӣ буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо сабаби пандемияи COVID – 19 ба таври маҷозӣ сурат гирифт, суханронӣ карданд. Тамосҳои сатҳи олӣ бо кишварҳои шарик мунтазам идома ёфтанд, аз ҷумла, суҳбатҳои телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президентҳои Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Хитой, Эрон, Президенти якуми Қазоқистон ва бо Амири Қатар сурат гирифта, дар онҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои зикршуда, вазъи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкорӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии бемории сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар партави дастурҳои Пешвои миллат, дар робита ба баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна моҳи декабри соли гузашта сафари кории дипломатҳои тоҷик ба Сурия, аз ҷумла, урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ, сурат гирифт. Корҳо дар ин самт идома доранд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»