- Соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти пешбурди манфиатҳои миллӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди кишвар бо ҷомеаи байналмилалӣ идома дод, — изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, зикр намуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати хориҷии давлат, фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.
Вазир афзуд, ки дар ин росто мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақомҳои баландпояи хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар тавсеа ва таҳкими бештари муносибатҳои кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз доштанд. Тоҷикистон дар давоми соли гузашта раёсати худро дар якчанд созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ба таври шоиста ба поён расонид.
Сафарҳои Роҳбари мамлакат ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия ба боз шудани уфуқҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мусоидат карданд.
Беш аз 300 ҳайати хориҷӣ ва байналмилалӣ соли гузашта аз Тоҷикистон боздид намуд, ки ин дар густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва афзудани нақши кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошт.
Тоҷикистон тайи соли сипаришуда бо мизбонии ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз қабили Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», Ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония ва Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ҳиссаи босазо гузошт.
Фаъолияти вазорат соли 2020 дар шароите оғоз гардид, ки ихтилофи байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рӯ ба афзоиш дошт ва дар баъзе минтақаҳо ҳар қадами носанҷида метавонист шуълаи ҷангро барафрӯзад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд нақши худро дар ҳифзи амну субот дар минтақа, атрофи он ва ҳалли масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ мегузошт.
- Соли 2020 барои сиёсати хориҷии кишварамон пурмасъулият хоҳад буд. Дар ин сол раёсати кишвар дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва «Қалби Осиё — раванди Истанбул» оғоз мешавад, — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»