Аз нишастҳои матбуотӣ

Ситонидани 20 миллиону 100 ҳазор сомонӣ алимент

№ 22.07.2022

Ситонидан20 июл нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти мазкур сарвари ин ниҳод Барно Саидвализода қайд намуд, ки фаъолияти иҷрочиён пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд.

Таъкид гардид, ки дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро дар маҷмӯъ 96 409 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар ин давра зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ алимент ситонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ба феҳристи ягонаи қарздорон 4 667 шахси воқеӣ ва 198 шахси ҳуқуқӣ ворид шудаанд.

Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва риояи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттилоот ва назорат дар низоми «Идоракунии раводид ва сарҳад» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид нисбат ба 5014 нафар   қарздор маҳдудият гузошта шуда, кор дар ин самт ҷоннок шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 297 қарздор қарзи худро ба маблағи 2 382 092 сомонӣ пардохт намуданд.

Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳумро ба имзо расид. Тасмим аст, ки дар доираи конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти Федералии приставҳои судии Федератсияи Россия, мақомоти иҷрои ҷумҳуриҳои Белорус, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро роҳандозӣ намоянд.

ВОРИС,

«Садои мардум»