Аз нишастҳои матбуотӣ

Сию чор барномаи таҳсил таҷдиди назар шуд

№97 (4680) 02.08.2023

1Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикис­тон Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 31-уми июли соли ҷорӣ баргузор шуд, яке аз омилҳои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати онро мавҷуд будани заминаи моддию техникии муосир унвон намуд, ки бевосита ба омодасозии мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

ДДТТ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, се бинои хобгоҳ барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён барои 670 нафар, як толори варзишӣ, ду майдончаи варзишӣ, се факултети омӯзиши рӯзона, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 12 кафедраи тахассусӣ ва панҷ кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.

Донишгоҳ яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисонро аз рӯи равияи иқтисодӣ омода мекунад. Фаъолияти таълимӣ самти асосии фаъолияти оинномавии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ба тарзи ташкил ва баланд бардоштани сифати таълим аҳамияти махсус дода мешавад. Дар муассиса 34 барномаи таҳсилотӣ ва нақшаи таълим тибқи стандарти давлатии таҳсилот таҷдиди назар шуда, баъди тасдиқ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълим дар асоси онҳо роҳандозӣ гардидааст.

Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, дар ин давра 40 нафар омӯзгори донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар гузаштанд.

- Мо ҳоло ба соли нави хониш омодагӣ мебинем. Таъмири биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ анҷом ёфт. Системаи гармидиҳӣ ба ҳама биноҳои донишгоҳ ва хобгоҳи донишҷӯён гузаронида шуд, — иброз дошт ректор Хайрулло Назарзода.

А. МУРОДОВ,

«Садои мардум»