Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти 2680 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

№22 (4762) 16.02.2024

11- Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба 185 миллиону 554,8 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 9 миллиону 987 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт 9-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода.

Алҳол дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии онҳо 48,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Иҷрои нақшаи андозҳо соли гузашта 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 73 миллиону 891 ҳазору 729 сомонӣ ворид шуд.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 180 миллиону 325 ҳазору 554 сомониро ташкил намуд, ки иҷрои нақша 100 фоиз таъмин шуда, нисбат ба соли 2022-юм 43,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси ноҳия дар идомаи нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 1 миллиарду 923 миллиону 344,9 ҳазор сомонӣ расонданд.

Изҳор гардид, ки соли гузашта аз тарафи кишоварзони ноҳияи Восеъ ба хориҷи кишвар 2680 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст.

Муҳассилини ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, 214 медал, аз ҷумла 98 медали озмунҳои вилоятӣ, 56 медали озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва 60 медали озмунҳои байналмилалиро соҳиб шуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»