Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти 89682 тонна пиёз ба хориҷи кишвар

№23 (4443) 19.02.2022

SHavkat-Bobozoda15 феврали соли 2022 дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори он Шавкат Бобозода оид ба ҳавасмандгардонии содироткунандагон, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсоли ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта гардиши савдои хориҷӣ 6 миллиарду 359 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 39, 5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра аз ҷумҳурӣ 208,9 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки нисбат ба соли гузашта 79 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда сабзавот 98 ҳазор тонна, меваҷот – 62, 7, меваи хушк – 42, 4 ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ 5,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

8 июни соли 2021 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пиёзи барвақтӣ тавассути роҳи оҳан ба хориҷи кишвар баргузор гардид. Дар натиҷа тавассути роҳи оҳани вилояти Хатлон 89682 тонна пиёз содирот гардид, ки нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Шавкат Бобозода зикр кард, ки соли 2021 як қатор маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, сирпиёз, қаламфури тез ва ширин ва боимҷон содирот шуданд, ки таҷрибаи нав маҳсуб мешавад.

Иттилоъ гирифтем, ки соли гузашта аз ҷониби намояндагони Ҷамъияти ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешбурди содирот барои кормандони агентӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил шудааст. Мақсад аз курсҳои омӯзишӣ дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, мусоидат намудан ҷиҳати рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ гардид.

Инчунин, бо мақсади дарёфти содиркунандагони боэътимод ва маҳсулоти содиротии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар назди агентӣ Комиссия оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»