- Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 23 млрд. 872,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 2 млрд. 526 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ 131 корхонаи нав бо 1792 ҷойи нави корӣ бунёд гардид.
Ҳаҷми маҳсулоти содиршуда 10 млрд.110,5 млн. сомониро ташкил дод. Дар ин самт соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва мошинсозӣ пешсафанд, ки мутаносибан ба маблағи 3 млрд. 990 млн. ва 1 млрд. 925 млн. сомонӣ маҳсулот содир намуданд.
Инчунин, корхонаҳои саноатӣ ба хориҷи кишвар масолеҳи рангубор, пенопористиролӣ, алюминияи аввалия, арматураи сохтмонӣ, семент, гипсокартон, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, хӯлаҳои алюминий, металлҳои қиматбаҳо, орд, биринҷ, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ангишт, меваи хушк, консерваи меваю сабзавот, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, спирти этилӣ, мошинҳои кишоварзӣ, мусалласи ангур, намаки ошӣ, ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, нахи пахта, риштаи пахтагин, матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, маснуоти қолинӣ, ҷӯроб, маснуоти кешбофӣ ва нахи абрешим содир намуданд. Масалан, моҳи декабри соли 2018, аз ҷониби корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор бори нахуст 8 трактор ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот гардид.
Умуман, дар мамлакат 2097 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд. Шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда соли 2018-ум 127 ва соли 2017-ум 180 ададро ташкил медод, ки сабаб дар набудани ашёи хом, маблағгузорӣ ва мутобиқат накардани технология арзёбӣ гардид.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»