Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти маҳсулот ба 47 мамлакат

№ 09.08.2023

001(1)Ҳаштуми августи соли равон нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он масъалаи содироти маводи истеҳсолшудаи кишвар ба мамлакатҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бинобар иттилои масъулини ин ниҳод дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 102 мамлакат, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва бо 92 мамлакати хориҷии дур муносибати савдои хориҷиро ба роҳ мондааст, ки аз ин шумора ба 47 давлат маҳсулот содирот мешавад.

- Ҷиҳати дарёфти бозорҳои нави содиротӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби Агентӣ намунаҳо ва таснифоти сифатии обҳои ошомиданӣ, шарбатҳо, асал, ҳасибҳо, меваю сабзавоти барвақтӣ, хушкмеваю мағзҳо ва ғайраҳо ба кишварҳои Арабистони Саудӣ, Покистон, Федератсияи Россия, Белорус ва Маҷористон ирсол гардида, баъди дастрас намудани хулосаҳои мусбати комиссияҳои ташхисӣ-баҳодиҳии сифати маҳсулоти озуқаворӣ бо шарикон ҳамкорӣ карда мешавад, — зикр кард директори агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Номбурда афзуд, ки дар маҷмӯъ савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон ба 3 миллиарду 415 миллион доллар баробар гардидаст. Дар ин давра ҳаҷми умумии содирот 678,6 миллион доллар ҳисоб карда шудааст.

Гуфта шуд, ки содироти маҳсулоти саноатӣ ва неруи барқ ба 654,5 миллион доллари амрикоӣ рост омада, содироти маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ҳаҷми 103 ҳазор тонна ва ба маблағи 24 миллиону 149 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар нишаст қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти як қатор маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст. Аз ҷумла, меваи хушк 4994,1 тонна, зардолу 5313,1, ангур 4299, олуболу ва гелос 312,9, тарбуз 273,9, мурғҳои зинда 203,6, марминҷон ва тут 127,2, қаламфури ширин 59,1, тухмиҳои сабзавот ва меваҳо 27, қаламфур 1,2, асали табиӣ 1,1 ва дигар меваҳо 163,6 тонна ба кишварҳои хориҷӣ содир карда шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»