Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёд гардид

№95 (4515) 29.07.2022

7Дар нимаи аввали соли 2022 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 17 миллиону 600 ҳазор сомонӣ субвенсия ва аз буҷети вилояти Хатлон бошад, 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода 25 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки дар ин давра 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 12 миллиону 400 ҳазор доллари америкоиро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 91 миллиону 315 ҳазор сомонӣ расонида, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 94 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад.

- Аз 68 корхонаи саноатӣ 62 корхона фаъолият дошта, шаш корхона бинобар сабаби мавсимӣ фаъолият карданашон истеҳсол карда натавонистанд, — иброз намуд раиси ноҳия.

Кишоварзони ноҳия дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 321 миллиону 529 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 687 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хориҷи кишвар 2160 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.

 - Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалӣ шуда, дар ин давра моҳипарварони ноҳия истеҳсоли моҳиро ба 74,3 тонна расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 тонна зиёд мебошад, — гуфт раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»