Соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмӯъ, 21 миллиарду 656 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 453 миллион кВт/соат зиёд гардида, суръати афзоиш 102,1 фоиз таъмин шудааст.
Истеҳсоли неруи барқ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ба 16 миллиарду 479 миллион кВт/соат баробар шудааст. Ин нуктаро директори ҶСК «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд ва афзуд, ки дар ҳамин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ 74,7 миллион кВт/соат ё ин ки 0,45 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод.
Бино ба гуфти ӯ, ҶСК «Барқи тоҷик» бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат бо неруи барқ соли 2023-юм 5 миллиарду 133,9 миллион кВт/соат неруи барқ харидааст. Неруи барқ, асосан аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» 2 миллиарду 599,4 млн кВт/соат, «Сангтӯда-2» 906,1 миллион кВт/соат ва «Роғун» 1 миллиарду 628,4 миллион кВт/соат харид шуд. Маблағи неруи барқи харидшуда дар ин давра 1 миллиарду 887,8 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022-юм 112,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Содироти неруи барқ нисбат ба соли 2022-юм 124,2 миллион кВт/соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ, ба 2 миллиарду 677 миллион кВт/соат баробар аст.
- Соли 2023 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» дар дохили ҷумҳурӣ 18 миллиарду 663,7 миллион кВт/соат неруи барқ ба фурӯш баровард. Аз ҷумла, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» 774,6 миллион кВт/соат ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» 17 миллиарду 889 миллион кВт/соат интиқол дода шуд, — зикр кард номбурда.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»