Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти неруи барқ афзуд

№16 (4436) 05.02.2022

DSC_9480Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ, ки 31 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, зикр намуд.

Бино ба гуфти ӯ, неруи барқ, асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 млрд. 213, 1 кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот шуд. Ҳаҷми содироти неруи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 911,6 млн. кВт. соат зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки содироти неруи барқ, асосан моҳҳои серобӣ (май – сентябр) бештар мегардад.

Қайд гардид, ки бар асоси технологияи муосири (барномаи биллингӣ) дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС – паёмакҳо ба муштариён оид ба нишондодҳои ҳисобкунак, сарфи неруи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия роҳандозӣ шуд, ки ҳадаф шаффофият аст. Дар натиҷа, сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд гардида, дар кишвар ҷорӣ намудани системаи электронии идоракунии истифодаи неруи барқ дар назар аст.

Маълум гардид, ки соли 2021 истеҳсоли неруи гармӣ ба 1 млн. 208,6 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли 2020 46,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Аз аввали мавсим 343 Гкал энергияи гармӣ ба 2763 иншоот интиқол гардид, ки сад дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»