Аз нишастҳои матбуотӣ

Сохтмони даҳ иншоот дар нақша аст

№96 (4836) 05.08.2024

10Сардори филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Аскар Соҳибзода 22 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 сохтмон ва навсозии як қатор иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла 15 иншоот дар соҳаи маориф, ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод дар даҳ иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Тибқи иттилои мавсуф, сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №34-и деҳаи Селбури ноҳияи Восеъ барои 320 хонанда дар як баст, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод, азнавбарқароркунии наҳри дохили ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба масофаи 4 км, навбати якуми хати интиқоли барқи 10\04 кв дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Фархор аз ҳамон ҷумла мебошанд.

Зикр шуд, ки ҳоло корҳои ­сох­т­монӣ дар бинои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадр­ҳои омӯзгории ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»