Аз нишастҳои матбуотӣ

Сохтмони хати оби нӯшокӣ бо харҷи 13 миллион сомонӣ

№99 (4361) 31.07.2021

Хоч Ман Камунали (1)- Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба истифодабарандагон ба маб­лағи 98 миллиону 476 ҳазор сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расонида, ба маблағи зиёда аз 23,6 миллион сомонӣ андоз пардохт гардид, — гуфт муовини якуми директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Сайфиддин Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 27 июли соли 2021 баргузор шуд.

Дар давраи зикршуда аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ ба маблағи 24 миллиону 437 ҳазор сомонӣ корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ иҷро шуданд, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

 Корхонаҳои тобеъ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия ба истифодабарандагон 25 миллиону 474,5 ҳазор мукааб оби нӯшокӣ дастрас намуда, 10 миллиону 716,3 ҳазор мукааб партобҳоро бароварданд. Дар самти таъмини оби нӯшокӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ аз ҷониби МД «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» барои эҳтиёҷоти истифодабарандагони деҳот ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ 7 миллиону 353,5 ҳазор метри кубӣ об интиқол дода шуд.

 Мавриди зикр аст, ки то 1 июли соли 2021 дар деҳоти ҷумҳурӣ як қатор иншооти обтаъминкунӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ дар деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара, деҳоти «Оқсу» ва деҳаҳои Чаманистон, Боғпарвар, Баҳор ва Офтоб­рӯяи ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супорида шуданд, ки дар натиҷа, 12 ҳазор сокини деҳоти «Ворух»-и ноҳияи Исфара ва 9015 сокини ноҳияи Данғара ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо карданд.

 Инчунин, дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хати оби нӯшокӣ бо харҷи 13 миллион сомонӣ бунёд ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»