Рӯзи 11 августи соли 2023 нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини аввал, муовинон ва мудирони шуъбаҳои Дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони муассисаю корхонаҳо баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ифтитоҳ бахшида, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳри Душанбе сухан намуд.
Номбурда зикр кард, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 11, 5 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108, 3 ва саҳми он дар ММД 21,5 фоизро ташкил дод.
728 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро 121,1 фоиз иҷро намуданд. Истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан, саноати коркард, таъминоти нерӯи барқ, газ, бӯғ ва тозакунии ҳаво, тавлиди нерӯи барқ ва гармидиҳӣ, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии дуюмдараҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пурраю барзиёд иҷро гардидааст.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11,2 фоиз ба иҷро расонда шуда, корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар соҳаи маориф дар 18 иншоот барои 17556 ҷойи нишаст ба роҳ монда шудааст.
Литсеи равияи табиию риёзии ДМТ бо 1280 ҷойи нишаст, МТУ -и ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар якҷоягӣ бо кӯдакистон барои 560 ҷои нишаст, бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи амнияти миллӣ, бинои маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Сино ва Масҷиди ҷомеи марказиии ба номи «Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит» дар шаҳри Душанбе барои 133 ҳазор нафар намозгузор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби гранти давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут» – и пойтахт бо дарозиии 9,2 километр ва паҳнои 50 то 70 метр ба маблағи 46, миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон, корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 ба анҷом расида, марҳалаи дуюми кор ба дарозии 4,2 километр дар ҳоли шурӯъшавист.
Инчунин, корҳои созандагӣ дар бахшҳои технология ва коммуникатсия, бахши муроҷиати шаҳрвандон, вазъи соҳибкории сармоягузорӣ, истифодаи амволи коммуналӣ, вазъи бозори истеъмолӣ, хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ, ободу зебогардонӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, бо маром пеш рафта истодааст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»